ДУШАНБЕ, 7 фев - Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк" гуфт, ба далели саҳми назаррасашон дар бахши бонкӣ ба феҳрасти низомсозҳо ворид шудаанд.
Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ҳудуди 33%-и амонатҳои бахши бонкӣ ба "Амонатбонк" рост меояд. Ӯ афзуд, ки саҳми бонки таҳти идорааш дар сандуқи қарзии низоми бонкии Тоҷикистон ҳудуди 10-12%-ро ташкил медиҳад.
Маҳз бо назардошти чунин нишондодҳо Бонки миллии Тоҷикистон "Амонатбонк"-ро ба феҳрасти низомсозҳо қарор додааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзноманигорон аз Икромӣ дар мавриди тавсияҳои созмонҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Асъор барои кам кардани саҳми бонки давлатии "Амонатбонк"-у хуруҷаш аз феҳрасти низомсозҳо суол карданд.
Дар посух раиси "Амонатбонк" таъкид намуд, ки созмонҳои молии байналмилалӣ ҷонибдори бахши хусусиянду ниҳоди давлатиро дар ин соҳа хуш надоранд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсозро нашр кард, ки дар баробари "Амонатбонк" инчунин "Ориёнбонк” ва "Эсхата" низ дар он феҳраст қарор доранд.
Ташкилоти қарзии "Имон Интернешнл” низ ба рӯйхати ташкилотҳои эҳтимолие ворид гардидааст, ки аз рӯи баҳодиҳии навбатӣ, эҳтимол соли дигар дар феҳрасти ташкилотҳои қарзии низомсоз қарор бигирад.
Феҳрасти мазкур соле як бор таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон нашр мешавад.