ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Бино ба иттилои мақомоти шаҳри Исфара, Шералӣ Кабир, вазири саноат ҳамроҳ бо раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз коргоҳҳое назири “Корхонаи кимиёӣ”, “Тамохуш”, Комбинати консервбарорӣ, “Нилуфар” ва “Шираи гандум” дидан карданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳадаф аз боздид шиносоӣ бо вазъи фаъолияти корхонаҳо мебошад.
Қайд карда шудааст, зимни суҳбат бо кормандони умури саноатӣ Шералӣ Кабир таъкид кардааст, ки барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди соҳа қабл аз ҳама роҳандозии тадбирҳое чун ташкили минтақаи озоди саноатӣ-инноватсионӣ, ҷалби сармоягузорони потенсиалӣ ва воридсозии технологияи пешқадам, ташаккули системаи пешбурди лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва иқлими созгори инвеститсионӣ лозим аст.
Ба гуфтаи вай, амалишавии ин тадбирҳо имконият медиҳад, ки масъалаҳои иҷтимоии Исфара, махсусан таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мушкилоти инфрасохторӣ ҳал шаванд.
Ҳамзамон Шералӣ Кабир ба масъулини соҳа доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бобати истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир, истифодаи технологияҳои муосир ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти мутобиқ ба талаботи бозор дастуру супоришҳои мушаххас додааст.