Мисли шер ҷангид: размикори тоҷик рақиби русиягиашро мағлуб карду чемпион шуд - видео

Варзишгари тоҷик бо иродаи қавӣ пирӯзӣ ба даст овард, рақибаш гуфт, ки дигар ба ринг намебарояд
Sputnik
Ҷанговари тоҷик Анис - Охотник - Чилаев дар чорчӯби мусобиқаи "Top Dog" FC дар вазни то 64 кило қаҳрамон шуд.
Дар ин бора дар саҳифаи расмии промоушн дар шабакаи иҷтимоӣ хабар дода шудааст.
Дар назди варзишгар вазифаи душвор буд - камарбанди қаҳрамониро аз Искандар - Ошпаз - Зиёев гирифтан.
Чилаев ҳанӯз пеш аз ҷанг ба ғалаба боварӣ дошт. Як рӯз пеш аз мубориз бар рақибони ҷиддӣ силсилаи се ғалабаи боваринокро ба даст оварда буд.
Мухлисон ин бархӯрдро бесаброна интизор буданд, ки яке аз рақобатҳои асосии шаб гардид.
Чилаев бо дастгирии пурраи мухлисон ба ринг баромад. Дар ибтидои мубориза варзишгар қоидаро вайрон кард, ки барои ин аз ду хол маҳрум шуд.
Ба ин нигоҳ накарда, вай Зиёевро мағлуб кард.

"Шикорчӣ намезанад, Шикорчӣ мепаронад! — гуфт Чилаев дар бораи муваффақияти худ.

Баъди шикаст Зиёев гуфт, ки ин мубориза охиринаш буд.
Ҳоло Чиллаевро дар пеш муҳорибаҳои нав интизор аст. Дар ин муҳорибаҳо вазифаи асосии вай ҳимоя кардан ва аз даст надодани унвони қаҳрамонӣ аст.
Муборизи дигаре аз Тоҷикистон дар мусобиқаи "Top Dog" FC низ бартарӣ дошт. Бо қарори доварон Шариф – Босмач – Шарифов низ ғолиб эълон шуд. Ӯ бар Матвей – Южний – Тикичиеви русиягӣ пирӯз гашт.