ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон қаллобонеро, ки худро хешовандони раисҷумҳур Содир Ҷабборов ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев муаррифӣ мекарданд, боздошт намуданд.
Қаллобии ҳамлагарон дар ҷараёни чораҳои мубориза бо фасод дар мақомоти давлатӣ ошкор шуд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар.
Боздоштшудаҳо кормандони хадамоти андоз ва гумрукро тарсонда, чанд нафар тоҷирро таҳти ҳимояти онҳо қарор гирифтаанд. Ба он воридкунандагон аз кишварҳои узви ИА дохил мешаванд, таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамин тариқ қаллобон кӯшиш карданд, баъзе молҳоро ғайриқонунӣ ба Қирғизистон интиқол диҳанд. Онҳо ҳангоми супурдани пора ба маблағи 1500 доллар дастгир шуданд.
Ҷинояткорон боздошт шуданду яке аз онҳо дар зиндон аст. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ҳушёр бошанд ва ба ҳамлагарон, ки аз номи мансабдорон барои ҳалли мушкилот ришва талаб мекунанд, бовар накунанд.
Шуъба инчунин видеое нашр кард, ки дар он нишон дода мешавад, гунаҳкорони эҳтимолӣ чӣ гуна боздошт мешаванд. Дар ин навор гуфтушуниди қаллобон, ки чеҳраашон пинҳон аст, вақти интиқоли ришва ва боздошт дида мешавад.
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз сокинони ин ҷумҳурӣ дархост кардааст, ки дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд.