Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Эрдуғон ва ҳамсараш гирифтори омикрон шуданд

Президенти Туркия гуфт, ки ӯ ва хонуми аввали ин кишвар пас аз эҳсоси аломатҳои коронавирус аз ташхис гузаштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Раҷаб Тайин Эрдуғон дар бораи мубталошавияш ба коронавирус хабар дод.
Дар ин бора президент дар саҳифааш дар "Twitter" иттилоеро нашр кардааст.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Туркия, ӯ ва ҳамсараш Эмине Эрдуғон пас аз пайдо шудани нишонаҳои сабук ташхиси ПСР гузаштанд. Натиҷаи санҷиш мусбат будааст.
"Чунон ки мо фаҳмидем, ин омикрон аст. Беморӣ, хушбахтона, сабук аст. Мо корро аз хона идома медиҳем, интизори дуоҳои шумо ҳастем", - навиштааст президенти Туркия.
Рӯзи сеюми феврал Эрдуғон аз Украина боздид кард ва дар он ҷо бо президенти ин кишвар Владимир Зеленский мулоқот намуд. Ҳамчунин ҷаласаи Шӯрои стратегии сатҳи олии ду кишвар баргузор шуд.
Штамми омикрон ё B.1.1.529 моҳи ноябри соли гузашта дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ кашф шудааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Лукашенко дар бораи гирифторӣ ба омикрон гуфт: Лижаронӣ мекардаму ҳезум мебуридам
Ба гуфтаи коршиносон, ҳатто афроде, ки бемор шудаанду ваксина гирифтаанд, метавонанд ба он гирифтор шаванд.
Штамми нав аллакай саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст. Он назар ба штаммҳои қаблӣ, бахусус делта зудтар паҳн мешавад.