ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дамирбек Олимов, овозони маъруфи тоҷик дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.
Қаблан гуфта мешуд, ки овозхон вафот кардааст ва сабаби маргаш маълум нест.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон дар Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд ва шифохонаи марказии шаҳри Хуҷанд бо таъйиди ин хабар гуфтанд, ки марҳум ҳангоми ҳаракат дар роҳи Сомғари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - шаҳри Хуҷанд ба садамаи нақлиётӣ дучор шудааст.
“Ин ҳодиса ҳаволии соатҳои 1 ба 2-и шаб иттифоқ афтода, овозхон бо ду ҳамроҳаш шадидан захмӣ шудаанд. Онҳо ба шифохонаи шаҳрии рақами №1-и Хуҷанд интиқол ёфтаанд”, - гуфтанд манобеъ.
Қаблан наздикони Дамирбек Олимов ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки овозхон шаби гузашта даргузаштааст ва иллати маргаш маълум нест.
Аммо манобеъ мегӯянд, овозхон шаби гузашта ба як маъракаи шодӣ дар Боғи миллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъват шуда буд ва ҳангоми бозгашт ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд.
“Дамирбек Олимов бар асари зиёд рафтани хун дар шифохона ҷон додааст ва ду ҳамроҳаш ҳанӯз дар шуъбаи эҳё қарор доранду вазъашон вахим арзёбӣ мешавад”, - гуфтанд манобеъ.
Ҷанозаи марҳум имрӯз, 5 феврал дар шаҳраки Ғончӣ, маркази ноҳияи Деваштич баргузор мешавад.