ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Овозхони шинохтаи тоҷик, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов даргузашти нобаҳангоми ҳофизи ҷавон ва шинохта Дамирбек Олимовро фоҷеаи ҳунар медонад.
Вай меафзояд, даргузашти шогирдаш барояш чунон нобаҳангом буд, ки то ҳол бовар намекунад.
“Баъди даргузашти Ӯрунбек Ҳамдамов ҳоло ба худ наомада будам. Ҳодиса барои санъати Тоҷикистон як фоҷеаи бузург аст”, - гуфт ҳунарманд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Муродов қайд мекунад, Дамирбек Олимовро на танҳо ҳамчун шогирд, балки чун фарзанд қабул кард ва ӯро баробар бо чаҳор писараш медонист.
Дамирбек баъди хатми коллеҷ ба назди Ҷӯрбек Муродов рафт. Аввал дар барномаҳои ҳунарии устодаш навозандагӣ мекард, сипас ба таронахонӣ гузашт.
“Ёд дорам, дар консертам дар Душанбе, соли 2010 “Маънии зиндагӣ”, нахустин сурудашро иҷро кард. Пайроҳаи ҳунариаш аз ҳамон ҷо оғоз шуд. Аввал бисёртар шашмақом мехонд, сипас ба эстрада гузашт”, - нақл кард вай.
Устоди ҳунар мегӯяд, Дамирбек байни ҳунармандон бо хоксорӣ ва самимияти хосаш фарқ мекард.
“Муҳите, ки ӯро тарбия кард, муҳити хуб буд. Падараш, ҳунарманди тавоно бо модараш хело хуб ӯро тарбия карда буданд. Сипас ба даргоҳи ман омад. Ӯ на танҳо инсони хоксору самимӣ, балки овозхони боистеъдод, фитрӣ ва олиҷаноб буд”, - меафзояд ӯ.
Дамирбекро устодаш ҳамчун шогирде тавсиф мекунад, ки тамоми насиҳати мураббиро қабул ва иҷро мекард: “Ӯ бисёр марди оилапарвар буд. Оилааш, фарзандонаш ва ҳамсарашро дӯст медошт. Падару модарашро бениҳоят эҳтиром мекард”.
Дамирбек дар эстрада низ байни ҳофизон фарқкунанда буд: матни таронаҳояш сабук набуданд.
“Ман дар консертҳоям доим бо устодони сухане чун Турсунзодаву Раҳимзодаву Лоиқ ва Озарахшу Фарзона маслиҳат мекардам. Ба Дамирбек низ тавсия кардам, ки матни пастро нахонад. Ҳатман аз назди ин бузургон гузарад ва ӯ ин гуфтаҳои маро иҷро мекард: матни таронаҳояш суфтаву олӣ буданд”,- қайд мекунад ҳунарманди шинохта.
Ба қавли ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, Олимов нақшаҳои бузург дошт - барои иҷрои барномаҳову таронаҳои нав омодагӣ медид.
Ҷӯрабек Муродов афсӯс мехӯрад, ки марг Дамирбек Олимовро дар қатори нобиғаҳои бузурге мисли Аҳмад Зоҳир, Кароматулло Қурбонов дар синни 33-солагӣ, дар айни камолот ва ҷавонӣ аз миён бурд, агар не, ӯ солҳо хидмати мардумро мекарду ҳунару санъати Тоҷикистонро ғанитар мегардонд.
Ёдрас менамоем, Дамирбек Олимов, ҳофизу ҷавону шинохтаи тоҷик шаби 4 ба 5 феврал дар пайи як садамаи мудҳиш дар роҳи Сомғари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расид.
Маросими видоъ бо марҳум шоми 5 феврал, соати 16:00 дар зодгоҳаш, ноҳияи Деваштич баргузор мешавад.