Ҷалби бештари муҳоҷирон аз Осиёи Миёна ба бахши кишоварзии Русия

Дар бахши кишоварзии Русия талабот ба коргарон аз кишварҳои хориҷи наздик зиёд аст ва барои ҷалби онҳо ба корҳои мавсимӣ талош мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Бахши кишоварзии Русия то ҳол ба муҳоҷирон барои корҳои мавсимӣ ниёз дорад, иттилоъ дод РИА "Новости” дар истинод ба пурсише аз теъдоде аз раҳбарони иттиҳодияҳои ин соҳа.
Талаботи бахши кишоварзии Русия барои кори мавсимӣ, ки аксаран аз ҳисоби муҳоҷирони кишварҳои хориҷи наздик қонеъ карда мешавад, имсол ҳам зиёд аст.
Ба гуфтаи роҳбарони корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ, дар бахши агросаноатӣ камбуди кадрҳоро эҳсос намешавад ва хароҷот барои ҷалби коргарон метавонад афзоиш ёбад.
Бо норасоии коргарони хориҷӣ деҳқонони рус 2 сол пеш, дар даврони сар задани пандемия рӯ ба рӯ шуданд.
Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ
Сипас, дар авҷи паҳншавии бемории COVID-19 Русия барои вуруд шудани муҳоҷирон ба ин кишвар маҳдудият ҷорӣ кард. Ин маҳдудият пеш аз ҳама ба коргарони мавсимии ҷумҳурҳои Осиёи Миёна, ки одатан дар авҷи ҷамъоварии ҳосил вориди Русия мешуданд, таъсир расонд.
Ин масъала бо кумаки Ситоди сареи Вазорати кишоварзии Русия дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнати Русия ҳаллӣ худро пайдо кард.

"Барои ҷалби коргарони хориҷӣ ба бахши кишоварзӣ тадбирҳо андешида шуданд. Ин имкон дод, ки корҳои мавсимӣ дар саҳро дар реҷаи муқаррарӣ анҷом ёфта, суръати истеҳсолот нигоҳ дошта шавад", - ёдовар шуданд дар Вазорати кишоварзӣ.

Дар соли 2021 ба чаҳорчӯби меъёрӣ ислоҳот ворид карда шуд, то ба танзими вуруди муҳоҷирон мусоидат кунад.
Тоҷикистон барои рушди кишоварзӣ сармоягузорҳои нав меҷӯяд
"Дар ҳоли ҳозир маҳдудияти вуруд аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон ва як қатор кишварҳои дигар бардошта шудааст", - гуфта мешавад дар иттилои вазорат.
Вазорати кишоварзии Русия барои ҷалби шаҳрвандони ин кишвар ба кор дар корхонаҳои кишоварзӣ ба Ӯзбекистон дархост ирсол кардааст. Мақомоти ин ҷумҳурӣ омодаанд, дархостҳоро баррасӣ кунанд, гуфт намояндаи Агентии муҳоҷирати меҳнати хориҷии назди Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон.