Эълони омори ахири гирифторӣ ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Вазъи кишвар дар робита ба COVID-19 нисбат ба рӯзҳои аввали бозгашти дигарбораи ин беморӣ дар ҳоли беҳтар шудан аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тайи шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 5 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус қайд шудааст. Дар ин бора омори нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳамчунин дар як рӯзи охир дар кишвар 11 тан аз ин маризӣ шифо ёфтаву бар асари сироят ба ин вирус ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.
Умуман аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17331 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба сабт шудааст.
Дар даврони пандемия аз ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17168 нафар сокини ҷумҳурӣ шифо ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки теъдоди гирифторони COVID-19 дар кишвар нисбат ба чанд рӯзи қаблӣ коҳиш ёфтааст.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Чанд фисади аҳолии Тоҷикистон аз COVID - 19 эмин шуд: омори нав
Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.
Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Ин ниҳод ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.
Манбаи мазкур гуфт, ин беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ моякӯбӣ мебошад.