ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Гуфта мешавад, ин сафар бо даъвати раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар баробари раисҷумҳури Тоҷикстон ба ин кишвар ҳамзамон сарони беш аз 20 давлати ҷаҳон даъват шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, ҳоккей ва ғайра дар назар аст.
Дар ин мусобиқот ягон варзишгари тоҷик ба далели надоштани роҳхат ширкат нахоҳанд кард.