Бақияи умумии пасандозҳо дар Тоҷикистон ба 10,2 миллиард сомонӣ расид

Бақияи умумии пасандозҳои ташкилотҳои қарзӣ то 31 декабри соли гузашта 10,2 миллиард сомониро ташкил дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабр дод, ки дар сохтори бақияи умумии пасандозҳо ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ 55,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 44,5 фоизро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти роҳбарияти Бонки миллӣ, дар сохтори пасандозҳо 4,8 миллиард сомонӣ ё 47,2 фоизро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 5,4 миллиард сомонӣ ё 52,8 фоизро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ раёсати Бонки миллӣ дар бораи афзоиши қарзҳои додашуда ишора кард.
Ба иттилои роҳбарияти БМТ, ҳаҷми қарзҳои додашуда дар соли гузашта 13,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 37 фоиз зиёд аст.
Бонки миллӣ омода нест, амалиёти бонкиро бо асъори рақамӣ ё криптоасъор танзим кунад
Миқдори қарзҳои додашуда дар давраи баррасшаванда низ ду баробар афзуда, ба 2,3 миллион расид.
Дар ин давра аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 35,5 фоиз истеъмолӣ, 15,4 фоиз барои бахши кишоварзӣ, 14 фоиз ба савдои хориҷӣ, 13,1 фоиз ба хидматрасонӣ, 10,3 фоиз ба саноат, 3,9 фоиз ба сохтмон, 0,7 фоиз ба нақлиёт ва 7,1 фоиз барои дигар бахшҳо ихтисос ёфтааст.
Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар ин давра 64,5 фоиз ё 8,8 миллиард сомонӣ ба соҳибкорон рост меояд, ки нисбат ба соли гузашта 1,8 миллиард сомонӣ ё 25,9 фоиз зиёд мебошад.