Шикояти наздикони Мадина Маҳмадҷонова аз ҳукми Давлатова: шарҳи Шоҳиён

Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии наздикони марҳум Мадина Маҳмадҷоноваро баррасӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Наздикони Мадина Маҳмадҷонова, ки аз ҷониби Азиза Давлатова мавриди азобу шиканҷа қарор гирифту баъди қариб 4 моҳи беҳушӣ, 15-уми декабри соли 2021 даргузашт, хостори бозбинии ҳукми гунаҳкори марги ӯ шудаанд.
Шермуҳаммадид Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, феълан шикояти кассатсионии ҷониби ҷабрдида ворид гардида, дар баррасӣ қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан додгоҳ Азиза Давлатоваро барои даст доштанаш дар азоби Мадина Маҳмадҷонова, ки бо марг анҷомидаст, ба 11 соли зиндон маҳкум карда буд. Дар пайи татбиқи Қонуни афв як сол аз ин ҳукм кам гардида, интизор меравад, ки Давлатова 10 солро пушти панҷара мегузаронад.
Азиза Мадинаро бо гиребони куртааш бӯғӣ кард: тафсилоти нави прокуратура
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ин фоҷеа бинобар он рух додааст, ки Лутфулло Давлатов, яке аз мақомдорони ширкати "Мегафон", дар баробари ҳамсари якумаш - Азиза Давлатова бо Мадина Маҳмадҷонова низ муносибатҳои маҳрамона доштааст. Дар ин замина миёни Мадина ва Азиза муноқиша рух медиҳад, ки бо марги Мадина анҷомидааст.
Додгоҳ Лутфулло Давлатовро низ дар азобу шиканҷаи ҳамсари аввалаш ва расондан ба қасди худкушӣ гунаҳкор дониста, ба 8 соли зиндон маҳкум кардаст. Бо татбиқи Қонуни афв ҳукми зиндони Давлатов то 5 солу 4 моҳ кам карда шудааст.
Ин қазия дар моҳҳои охири соли 2021 аз пурсарусадотарин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон буд, ки Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон барои таҳқиқи мунсифонаи он дастур дода буд.