ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар маҷмуъ то 1 январи соли 2022 дар Тоҷикистон 2386 корхона ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин шумор 322 корхона ба таври мавсимӣ кор мекунад, 90 корхонаи дигар аз солҳои 90-ум инҷониб умуман фаъолият намекунанд.
“Мо ба ҳукумат пешниҳод кардем, ки онҳо аз омори умумӣ хориҷ карда шаванд. Сабаби асосии қатъи фаъолияти ин корхонаҳо барҳамдиҳӣ, муфлисшавӣ, қарзи калони андоз, баҳсҳои молумулкӣ бо бонкҳо, технологияҳои куҳна ва ғайра мебошад”, - гуфт вазири саноат.
Шералӣ Кабир қайд кард, ки тибқи Барномаи саноаткунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, ташкили кластерҳои саноатӣ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кимиё, саноати коркарди алюминий ва истеҳсоли махсулоти ниҳоӣ аз он, истеҳсоли махсулот аз сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти заргарӣ бартарӣ дорад.
Ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон барои иқтидори саноатии худро ду баробар афзоиш додан то соли 2026 имконоти бузург дорад.
Вай мисол овард, ки кадом соҳаҳо ин гуна имкониятҳо доранд.
“Масалан, ин корро метавон тавассути рушди саноати кӯҳӣ ва металлургӣ шуруъ кард. Тоҷикистон 50 дарсади захираи нуқраи ҷаҳонро дорад”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 1600 намуди гиёҳи шифобахш мерӯяд, ки метавонанд барои рушди ин соҳаи дорусозӣ кумак намояд.