ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ то 31 декабри соли гузашта муътадил арзёбӣ гардида, устувории пули миллӣ — сомонӣ нигоҳ дошта шуд.
“Беқурбшавӣ умуман ба назар нарасид”, - гуфт раиси Бонки миллӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Вай афзуд, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар (ММД) дар соли гузашта бо арзиши номиналӣ ба зиёда аз 98 миллиард сомонӣ баробар гардида, афзоиши воқеии он 9,2 фоизро ташкил дод, ки рушди воқеӣ нисбат ба соли қаблӣ 4,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.
“Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22, кишоварзӣ 6,6, сохтмон 23,3, гардиши савдои чакана 12,7 ва хизматрасониҳои пулӣ 7,9 фоиз таъмин гардид”, - гуфт раиси БМТ.
Ҳамзамон Ҳоким Холиқзода қайд кард, ки сатҳи таваррум соли гузашта дар доираи нишондиҳандаи якрақама ҷамъбаст гардида, 8,0 фоизро ташкил намуд, ки ин дар доираи ҳадафи муқарраршудаи Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад ва асосан дар натиҷаи болоравии нархи хӯрокворӣ 7,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокӣ 7,5 фоиз ва арзиши хидматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 11,3 фоиз ба амал омад.
Вай гуфт, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 ба андозаи 1,4 банди фоизӣ паст мебошад.
Холиқзода афзуд, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо дар раванди танзими ҳаҷми пул сиёсати мутавозини пулию қарзиро тавассути механизми фишангҳои худ барои маҳдуд сохтани таъсири омилҳои монетарӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ амалӣ намуда истодааст.