ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе масъалаи ҷинояткорӣ миёни наврасонро дар соли 2021 нигаронкунанда хонд.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2021 нисбати 433 ноболиғ ҳукми айбдоркунӣ бароварда шудааст, ки дар соли 2020 ин шумор ҳамагӣ 382 мавридро ташкил медод.
“Махсусан ба масъалаи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони хурдсол ва ноболиғон таваҷҷуҳи хеле ҷиддӣ зоҳир мекунам”, - гуфт ӯ.
Шоҳиён зикр кард, ки бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар барои дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таълиму тарбия намудани фарзандон судяҳо корҳои муайянеро амалӣ намуданд.
Вай афзуд, ки аз 13 302 парвандаи нисбат ба вайронкунандагони Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба суд воридгардида дар маҷмуъ ба 5327 нафар огоҳӣ дода шуда, 6518 нафар низ ба маблағи умумии 1 116 275 сомонӣ ҷарима шудаанд.