Раҳмон президенти Итолиёро бо интихоби дигарборааш шодбош гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон президенти Итолиёро бо интихоби дигарборааш ба ин мақом шодбоош гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Серҷо Матареллаи 80-соларо бо интихоби дигарборааш ба вазифаи президентии Итолиё табрик кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш баъди муборакбодӣ ба Матарелла сиҳатмандии комил ва дар пешбурди ваколатҳои пурмасъулияташ комёбӣ хостааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Итолиё сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзу намудааст.
"Мо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Италия изҳори қаноатмандӣ менамоем ва алоқаманди густаришу тавсеаи ҳамаҷонибаи онҳо дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем", - омадааст дар паём.
Сипоси Гулмаҳмадзода аз мақомоти Итолиё барои саҳми ширкатҳояш дар рушди бахши энергетикӣ
Эмомалӣ Раҳмон омодагияшро барои пешбурди минбаъдаи муносибот дар сатҳҳои мухталиф баён дошта, афзуд, ки кӯшишҳои пайвастаро ба харҷ медиҳад.
Ӯ изҳори бовар кардааст, ки шарикии созандаи Тоҷикистону Итолиё ба манфиатҳои аслии ҳар ду ҷониб дар оянда рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки Матареллаи 80-сола рӯзи 29-уми январ дар ҷаласаи муштараки ду палатаи парлумони Итолиё барои муҳлати дуюм президент интихоб гардид. Худи ӯ дар аввал мухолифаташро барои интихоби дигарбора баён дошт, аммо баъдан бо шарти он ки пеш аз анҷоми муҳлати 7-сола истеъфо медиҳад, розӣ шуд.