"Türkiye": Осиё ба майдони нави набарди қудратҳои ҷаҳонӣ табдил хоҳад ёфт

Сафири мустаъфӣ вазъеро, ки дар Осиёи Марказӣ ба вуқуъ мепайвандад, шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ,1 фев — Sputnik. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ахиран буҳронҳои зиёди маҳаллӣ - ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон, ҷанги Қарабоғ, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон, даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух доданд.
Сафири мустаъфӣ Алӣ Билге Чанкорел, ки қаблан Туркияро дар намояндагиҳои дипломатӣ дар Афғонистон ва Украина намояндагӣ мекард, дар мусоҳиба бо "Türkiye" гуфт, маҳз дар ҳамин минтақа ба зудӣ муноқишаи нав байни қудратҳои ҷаҳонӣ оғоз мешавад.
Вай гуфт, барои мисол, Чин дар вақтҳои охир фаъолияти худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз қабили Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон афзоиш медиҳад.
"Русия узвияти Украина дар НАТО-ро як кӯшиши муҳосираи он медонад. Ва блоки ғарбӣ таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида идеяи таҳдид ва хатарро тавассути Осиё ташаккул медиҳад", - гуфт Янкорел.
Ба гуфтаи ин дипломат, Осиё барои тиҷорати байналмилалӣ аҳамияти бузург дошта, инчунин дорои сарватҳои зиёди табиӣ мебошад, ки ИМА ва Чинро ба худ ҷалб мекунад.
Дар навбати худ Русия манфиатдор аст, ки субот дар атрофи сарҳадҳояш нигоҳ дошта шавад, менависад рӯзнома аз қавли ин дипломат.
Сиёсатмадор ҳамчунин афзуд, ки дар робита ба ҳаводиси Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир нақши Созмони кишварҳои туркӣ тақвият мешавад. Фаъолияти он метавонад ба ояндаи минтақа таъсир расонад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хисороти даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон маълум шуд
Ёдовар мешавем, дар аввали январи соли 2022 дар Қазоқистон эътирозҳои оммавӣ ба вуқуъ пайвастанд. Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ гуфта мешуд.
Дар ин кишвар ғоратгарӣ оғоз шуд, ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла карданд, силоҳҳои низомиёнро гирифтанд. Президенти он барои рафъи хатари террористӣ ба СПАД муроҷиат кард.
Бо дархости президенти ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев нерӯҳои низомии СПАД ба қаламрави он оварда шуданд.
Чанде пас аз ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон, яъне 27 январ дар минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон низои навбатӣ сар зад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Нуқта гузошт: Аҳмадзода гуфт, ки роҳи Ӯш - Исфана ба кӣ тааллуқ дорад
Муноқишаи сокинони маҳаллӣ зуд ба сангпартоӣ ва баъдан ба ҷанги мусаллаҳона табдил ёфт. Чанд хона комилан тахриб ё сӯхтааст, бархе аз сокинон аз хисороти зиёди моддӣ хабар доданд.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯйи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд. Тавре дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтаанд, сабаби муноқиша баста шудани қитъаи шоҳроҳи Бодканд - Исфана будааст.
Тоҷикистон аз захмӣ шудани 10 нафар ва кушта шудани 2 нафар дар ин даргириҳо хабар дод. Қирғизистон бошад, тақрибан аз 12 захмӣ мегӯяд.