ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Мақомоти молияи Суғд хароҷоти пули буҷа дар 396 ташкилоту муассисаро санҷида, истифодаи ғайримақсадноки 7 млну 995 ҳазор сомониро ошкор кардаанд.
Ба иттилои Сарраёсати молия, аз ин маблағ хароҷоти ғайриқонуниӣ ба андозаи 4 млну 75,2 ҳазор сомонӣ ошкор гардид.
Камбуд ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ ба маблағи 1,19 млн сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 88,7 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 93,6 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шуд.
"Талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 1880,5 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 666,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Мақомот таъкид намудаанд, ки аз зарари молии ошкоршуда 3 млну 941,2 ҳазор сомонӣ ё худ 49,3% барқарор шудааст. Пули барқароршуда 3 млну 553 ҳазор сомонӣ ба буҷа ва 388,2 ҳазор сомонӣ ба корхонаҳо рост меояд.
Инчунин зикр гардид, ки зимни таҳлилҳо норасоиҳое, ки ба зарари молӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 2 млну 915,2 ҳазор сомонӣ ошкор ва пурра барқарор карда шудаанд.
Сарраёсати молияи Суғд илова намуд, ки 83 маводи аудиторӣ, ба маблағи 7,6 млн сомониро барои баррасӣ ва қабули қарор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намудааст.