ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар роҳи Панҷакент - Айнӣ пас аз зуҳри 30-юми январ садамаи маргбори нақлиётӣ сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-бенс", Раззоқов Фарҳод Абдурауфовичи 38-сола, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди мавзеи дашти Сиёвардаи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Зарафшон чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Раззоқов Фарҳод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири автомашина Насруллоев Меҳриддин Тошмуродович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст, афзудааст манбаъ.
Бино ба навиштаи рӯзноманигор Хуршед Фозилов, Фарҳод Раззоқов, номзади илмҳои таърих бостоншинос ва фарзанди бостоншиноси шинохта Абдурауф Раззоқов мебошад, ки дар давлатҳои Олмон ва Русия таҷрибаи кориашро сайқал додааст.
Ӯ мудири кафедраи бостоншиносӣ дар Донишгоҳи славянӣ ва унвони илмиашро дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳимоя намуда буд.
Гуфта мешавад, саҳми Фарҳод Раззоқов дар ковишҳои бостоншиносӣ дар пойгоҳи бостоншиносии Саразм назаррас аст.