ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ҳофиз Муҳаммадин, мудири кулли ширкати барқи Афғонистон “Брешно” бо Мурод Ортиқов, раиси бахши пружаҳои байналмилалии барқи Вазорати энержии Туркманистон дидор ва дар мавриди тасреъ дар анҷоми умури ҳуқуқӣ ва фаннӣ дар таъмини барқ, аз ҷумла интиқоли барқи Туркманистон – Афғонистон – Покистон (TAP) гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст хабаргузории "Форс".
Мудири кулли ширкати барқи Афғонистон дар дидор бо ҳайати Туркманистон дар мақари ширкати “Брешно” таъкид кард, ки Ашқобод шарики мавриди эътимоди ин ширкат дар пружаҳои барқ аст.
Муҳаммадамин ибрози умедворӣ кард, ки эҷоди нақшаи роҳи муштарак, тарҳҳои энержӣ ва бавижа истгоҳи барқи Афғонистонро суръат бахшанд.
Раиси бахши пружаҳои байналмилалии барқи Вазорати энержии Туркманистон ҳадаф аз сафари худро тақвияти равобити байни Вазорати энержии Туркманистон ва ширкати "Брешно" унвон кард.
Бо ҳамоҳангӣ ва ҳамкории наздик дар робита ба "Брешно" пружаҳои барқи Афғонистон, ТАП, хатти барқи Андхӯй - Кобул мувофиқат ҳосил хоҳад шуд .
Дар ин дидор Хоҷа Авазов, сафири Туркманистон дар Кобул низ ҳузур дошт.