Сармураббии хорватӣ гуфт, Тоҷикистон пешаш чӣ шарт гузоштааст

Муаррифӣ ва нахустин нишасти сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Петр Сегрт, мутахассиси 55-солаи хорватӣ хабар дод, ки созишнома ба ҳайси сармураббии тими миллии Тоҷикистонро барои як сол баста, барои идомаи кор пешаш шарте гузошта шудааст.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, нахуст сармураббии нав ба ҳозирин бо забони тоҷикӣ салом дода, бархе ҷузъиёти созишномаашро баён дошт.

"Шартномаро аллакай бо Федератсияи футболи Тоҷикистон имзо кардем. Он барои як сол баста шудааст. Дар сурати роҳ ёфтани тими Тоҷикистон ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шартнома автоматӣ тамдид мешавад", - гуфт Сегрт.

Вай аз шароит ва зарфияти футболбозони тоҷик тавсиф карда афзуд, ки тамоми талошро барои муваффақ шудан дар мусобиқаи Ҷоми Осиё анҷом хоҳад дод.
Ӯ афзуд, ки зодаи Хорватия асту дар Олмон калон шудааст ва талош мекунад, аз таҷрибаи футболи ин ҳар ду кишвар барои рушди ин навъи варзиш дар Тоҷикистон истифода намояд.
Чаро духтарони тоҷик дар футболу футзал пайваста шикаст мехӯранд?
"Аммо ягона чизе, ки ман кафолат дода метавонам, ин аст, ки 24 соат дар шабонарӯз барои рушди футболи тоҷик кор мекунам. Бо ситодам тамоми талошу донишро барои расидан ба ин ҳадафҳо равона месозам", - таъкид намуд сармураббӣ.
Маврид ба зикр аст, ки мураббии нав иҷозатномаи УЕФА Pro дар ҷиҳати фаъолият ба унвони мураббиро дорад. Ӯ қаблан дар Австрия, Гурҷистон ва Индонезия низ фаъолият кардааст.
Мутахассиси хорватӣ ҳамчунин тими миллии Афғонистонро дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 раҳбарӣ мекард. Соли 2018 ӯ тими Молдивро роҳбарӣ кард, ки он ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 гардид.