Субҳи 29 январ дар як гузаргоҳ дар марзи Исфараву Бодканд музокироти якбаяки раҳбарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев доир шудааст.
Дар пайи ин мулоқот, ки тақрибан се соат давом кард ягон санад имзо нашудааст.
Ин музокирот дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи шаби 27 январ байни марзбонҳои тоҷику қирғиз аст, ки дар ҷараёни он ду сокини Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафари дигар аз ду тараф захмӣ шуданд.
Дар пайи мулоқоташон Ятимов ва Тошиев ба хабарнигорон алоҳида изҳорот доданд.
Баъди ин баёнияҳо Тошиев, ки ба суҳбаташ бо Ятимов идома медод, гуфт: “Аз ин ба баъд, аз имрӯз эътиборан ҳеҷ як бесарнишин, яъне дрон (дар марзи ду кишвар) парвоз намекунад
“Аз паҳподҳо истифода накунед. Бас аст ин корҳо, ҳам аз ин тараф, ҳам аз он тараф!”, - гуфт Тошиев
Ёдовар мешавем, ки муноқишаи мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дар наздикии рустои Хоҷаи Аъло шоми 27 январ сар зад.
Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.
Пас аз он мардуми маҳаллӣ дар сарҳад ҷамъ шуданд. Дар байни шаҳрвандон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки зуд ба сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб мубаддал гашт.
Баъдан марзбонон вориди даргирӣ шуданд ва тирпарронӣ оғоз шуд. Баъди чанд вакт техникам ҳарбй ба кор даромад. Тарафҳо дар мавриди истифода аз миномёт ва гранатомётҳо муттаҳам шуданд.
Деҳаи ҳамсоя зери оташ қарор гирифт. Баъзе хонаҳо дар Хоҷаи Аъло ба кӯҳи сангу тахтаҳои сӯхта табдил ёфтаанд.
КДАМ Қирғизистон версияи худро дар бораи ҳодиса пеш гузошт. Ба гуфти ин вазорат, сабаби муноқиша бастани қитъаи шоҳроҳи Бодканд-Исфара будааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳарбӣ низ иттиҳоми мутақобила карданд.
СПАД ба вазъият дахолат кард. Дабири кулли созмон Станислав Зас бо намояндагони ҳарду ҷониб телефонӣ суҳбат карда, аз онҳо хост, тирпаррониро ҳарчӣ зудтар қатъ карда, низоъро тавассути музокироти дуҷониба ҳал кунанд.
Тоҷикистон иддао кард, ки дар ҷараёни даргирӣ 10 нафар низомиён ва сокинони маҳаллӣ маҷрӯҳ ва 2 нафар кушта шудаанд.