Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад: замон ва сабаб

Раисҷумҳури Тоҷикистон даъвати президенти Чинро пазируфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъвати президенти Чинро пазируфт ва барои ширкат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин ба Чин сафар мекунад.
Раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо сарони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон мулоқот менамояд хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона - 2022 рӯзи чоруми феврал дар варзишгоҳи Пекин дар назар аст. Феълан омодагиҳо дар Чин идома дошта, се маҳалли олимпӣ 27 январ ифтитоҳ шуд.
Дар мавриди даъвати меҳмонон ба он Пекин изҳор дошт, ки даъватномаро унвонии мақомдорону чеҳраҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ равон намудааст.
Даъвати Ҷинпин аз Эмомалӣ Раҳмон барои боздид аз Чин
"Дар айни ҳол роҳбарони давлатҳои зиёд, раисони ҳукуматҳо ва аъзои оилаҳои шоҳӣ барои иштирок дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин сабти ном карданду мо онҳоро истиқбол мегирем", - гуфт намояндаи ВУХ-и Чин, Ван Вэнбин.
Пештар хабар дода шуд, ки роҳбари Чин аз раисҷумҳури Тоҷикистон даъват намудааст, ки моҳи феврали соли равон меҳмонаш шавад.
Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор карда буд, ки интизор меравад, нахустин сафари хориҷии Владимир Путин дар соли 2022 ба Чин сурат гирад. Дар назар аст, ки президенти Русия дар маросими кушодашави Бозиҳои олимпии зимистона иштирок намояд.
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, ҳоккей ва ғайра дар назар аст.