Имронхон: Афғонистон бо бадтарин ошуфтагии инсонӣ рӯ ба рӯ аст

Сарвазири Покистон мегӯяд, ҷомеаи ҷаҳонӣ новобаста аз он ки ҳукумати толибон қабул дорад ё на, бояд ба аҳолии чилмиллионнафарии Афғонистон кумак кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Имрон Хон, нахуствазири Покистон бори дигар аз нооромиҳои башарӣ дар Афғонистон ҳушдор дод, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай афзуд, вақте ки артиши шӯравӣ дар соли 1989 Афғонистонро тарк кард, дар ин кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва дар натиҷа ҳарҷумарҷи толибон зуҳур намуд.
Нахуствазири Покистон аз такрори таърих ҳушдор дод ва гуфт, агар пас аз бист сол ҳама Афғонистонро фаромӯш кунанд, ин кишвар бадтарин буҳрони башариро таҷриба хоҳад кард ва агар чунин шуд, вазъияти бист сол пеш, ҳангоме ки Амрико ба Афғонистон ҳамла кард, такрор хоҳад шуд.
Сафири Русия: Вуруди бештари паноҳҷӯён аз Афғонистон ба Тоҷикистон имкон дорад
Изҳороти Имрон Хон дар ҳоле садо медиҳад, ки сухангӯи толибон вазъи мавҷудро рафтани кишвар ба сӯи такомул медонад ва мегӯяд, бархилофи муҳосиботи гузашта иқтисоди варшикаст нашуд ва бонкҳо суқут накарданд.