ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дар яке аз вилоятҳои Ӯзбекистон нерӯи барқ дубора хомӯш шуд. Ин дафъа сабабаш шамоли сахт будааст.
"Дар пайи вазиши бод дар бархе аз манотиқи вилояти Қашқадарё интиқоли нерӯи барқ қатъ шудааст", — гуфтанд дар Вазорати энергетика.
Хатҳои барқ бо сабабҳои амниятӣ муваққатан аз шабака ҷудо карда шудаанд, менависад Sputnik Ӯзбекистон аз қавли Вазорат.
Манбаъ афзуда, ки баробари кам шудани вазиши бод ноқилҳо пайваст ва интиқоли барқ барқарор мешавад.
Блэкаут дар Осиёи Марказӣ
Субҳи рӯзи сешанбе якбора дар се кишвари Осиёи Марказӣ интиқоли нерӯи барқ қатъ шуд.
Дар натиҷа бисёре аз шаҳрҳои ҷануби Қазоқистон, саросари Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз нерӯи барқ маҳрум шуданд.
Дар баробари бебарқ мондан дар як қатор навоҳӣ об низ набуд. Чароғакҳои роҳнамо аз кор бозмонда, иртиботот гусаста шуд.
Ҳама гуна нақлиёт муваққатан аз кор монд. Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон хостааст, ки аз хулосаи бармаҳал дар бораи сабабҳои қатъи барқ худдорӣ кунад ва мунтазири тасмими комиссияи ҳукуматӣ, ки аз тарафи Мирзиёев ташкил шудааст, бимонад.
Ширкати шабакаи барқи Қазоқистон KEGOC дар навбати худ расиши кӯтоҳ дар нерӯгоҳи Сирдарёи Ӯзбекистонро сабаби қатъи густардаи барқ дар Осиёи Марказӣ унвон кард.