Тоқаев бо пешниҳоди Назарбоев раиси ҳизби ҳокими Қазоқистон шуд

Дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳизби ҳокими Қазоқистон "Нур-Отан" роҳбари нав интихоб кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Президенти Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раиси ҳизби ҳокими "Нур-Отан" интихоб гардид.
Ба иттилои Sputnik Қазоқистон, ба ҳамин восита Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури аввалини кишвар салоҳиятҳояш дар ҳизби ҳокимро ба Тоқаев дод. Таъкид шудааст, ки номзадии Тоқаевро худи Назарбоев пешниҳод намудааст.
Дар баробари интихоби раиси нав дар ҷаласаи XXI ҳизби "Нур-Отан" тағйири оиннома ва ҳайати нави Шӯрои сиёсӣ баррасӣ мегардад.
Поёни қарни Назарбоев: чӣ гуна парлумон элбасиро аз сиёсат хориҷ кард - видео
Маврид ба зикр аст, ки Нурсултон Назарбоев тақрибан 30 сол Қазоқистонро раҳбарӣ кард. Ӯ 20 марти соли 2019 аз мақоми раҳбари давлати ин кишвар истеъфо дод.
Аммо ӯ дар мақоми раиси Шӯрои амният, раҳбари Ҳизби "Нур-Отан" ва раиси Ассамблеяи мардуми Қазоқистон боқӣ монд.
Дар соли 2021 Назарбоев эълом кард, ки аз курсии раиси Ассамблеяи мардуми Қазоқистон канор рафта, салоҳиятҳояшро ба раҳбари кунунии Қазоқистон вогузор мекунад.
Назарбоев салоҳиятҳои раиси Шӯрои амниятро рӯзи 5-уми январи соли 2022, дар замони нооромиҳои оммавӣ дар Қазоқистон ба Тоқаев вогузор намуда буд.