ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман теъдоди захмиёну фавтидагонро нашр кард.
Дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд, хабар медиҳад маркази матбуотии хадамоти марзбонии КДАМ.
Ҳамчунин ду нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон – Тӯйчиев Обидҷони 36-сола, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло бар асари таркиши хумпораи низомиёни Қирғизистон дар ҳавлияш ва Шарипов Абдулатиф Рафиевичи 58-сола, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии ин деҳа дар ин зарбаи хумпораандози ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расидаанд.
Дар пайи муноқишаи шаби 28-уми январи соли 2022, соати 01.00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00, санаи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хатти сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд.
Айни замон вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, сабабу омилҳои муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 27 январи соли 2022, тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшон ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара байни сарҳадбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.