Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистон Қирғизистонро ба паҳни маълумоти дурӯғ дар бораи ҳаводиси марзӣ муттаҳам кард

Хадамоти марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷараёни иттилоърасонӣ дар бораи муноқиша дар марз бо Қирғизистон хабарҳои нодуруст нашр шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Қирғизистон тавассути расонаҳо ҳамлаи иттилоотӣ анҷом медиҳад.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороти расмияш таъкид кард.

"Айни замон ҷониби Қирғизистон бо мақсади пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ оммаро бо маълумоти бардурӯғ ва фейкӣ дар ВАО ва манбаҳои гуногуни интернетӣ фаъолона коркард ва паҳн мекунад", - гуфта мешавад дар изҳороти КДАМ.

Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз як муноқиша рух дод.
Тибқи иттилои КДАМ Тоҷикистон, муноқишаб ба далели бо санг задани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизҳо сар задааст.
Тавре дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, як гурӯҳи шаҳрвандони Қирғизистон мошини шаҳрванди Тоҷикистонро маҷбуран боздоштаанд.
Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯйи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуданд, мақомоти ҳар ду ҷониб тасмими дидорро мегиранд.
Ҳалокати як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар муноқишаи марзӣ: хумпора ба болои хонааш задааст
Мақомоти тоҷик барои гуфтушунид ба маҳалли ҳодиса ҳозир мешаванд, аммо намояндагони Қирғизистон ба мулоқот наомада, ба ҷои ин тахминан соати 18:10 марзбононашон мавқеи оташфишониро ишғол карда, аз силоҳи оташфишони мавҷуд ба сӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон шиллик кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир тирборон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон босуръат афзоиш меёбад. Дар байни сокинони осоишта ва сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон талафот дида мешавад.
Ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз маҳалли ҳодиса, 11 сарбози тоҷик ва ду ғайринизомӣ захмӣ шудаанд.
Дар бораи як нафар фавтида низ гуфта мешавад, ки ӯ аз сокинони маҳаллӣ аст.
Аз ҷониби Қирғизистон бошад, хабарҳо дар бораи захмӣ шудани чаҳор нафар мунташир шудаанд.