ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо раиси шаҳри Исфара дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара аз ҳолу аҳволи захмиёни даргирии охир дар марз бохабар гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ба ҷароҳатбардоштагон аз президенти Тоҷикистон кӯмакҳои моливу пулӣ расонида шуд.
Ҳамзамон зимни суҳбат бо масъулин таъкид шуд, ки табибони варзида ва мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят захмиёнро табобат мекунанд.
“Раванди табобат зери назорати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор гирифта, дар асоси супориши президенти Тоҷикистон тамоми лавозимоти зарурӣ ва доруворӣ дастрас карда шудааст”, - қайд кардааст манбаъ.
Раиси вилояти Суғд ба сарбозону сокнинони маҷруҳ шифои комилу оҷил таманно кард. Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки ҳоло вазъ дар марз ором арзёбӣ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Расман мақомоти Тоҷикистон субҳи 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар - аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи маҳаллӣ теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро беш аз 20 нафар мегӯянд.
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.