Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи оташбаси комил дар марз ба мувофиқа расиданд

Музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон беш аз ду соат идома кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Музокироти миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки пас аз сар задани моҷаро дар марз баргузор шуд, ба поён расид.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ҷонибҳо дар бораи оташбаси комил дар марз ба тавофуқ расиданд.
Инчунин, ҳар ду ҷумҳурӣ бояд қувваю воситаҳои иловагиро, ки ба сарҳад оварданд, ба ҷойҳои доимияҳон баргардонанд.
Тибқи шартҳои музокирот ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Бодканд-Исфара бояд боз шавад.
Ҳамчунин, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди посбонии муштараки манотиқи марзӣ аз сӯи маъмурони интизомии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.
Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон сари мизи гуфтушунид нишастанд: тафсилот
Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.
Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз силоҳи миномётӣ аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.
Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Сиёсатшинос: Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд бетаъхир ҳал шавад
Дабири кулли СПАД Станислав Зас дар бораи муноқишаизҳори назар кард.
Вай бо намояндагони ҳарду ҷониб сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, хостааст, ҳарчӣ зудтар тирпарронӣ қатъ карда, низоъ тавассути музокирот ҳал кунанд.
Қобили зикр аст, ки дар пайи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 20 нафар аз ҳарду ҷониб ҷароҳат бардоштаанд. Як фавтида низ аз ҷониби Тоҷикистон ҳаст.
То соати 2:00 ба вақти маҳаллӣ вазъ нисбатан ором арзёбӣ мешавад, задухӯрдҳои фаъол дар марз ба поён расидаанд, садои тирҳои гоҳ-гоҳ ба гӯш мерасад. Тарафхо гуфтушунид доранд.