ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон барои ин кишвар талафоти ҷонӣ надоштааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
11 низомии қирғиз захмӣ шуд, касе кушта нашудааст, гуфтааст ӯ.
Вай таъйид кардааст, ки то ин замон вазъ дар марз нисбатан муътадил арзёбӣ мешавад. Сардори КДАМҚ дар Бодканд аст.
Ташиев ҳамчунин афзуд, барои муайян кардани сабабҳои дақиқи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 27-уми январ рух дод, як комиссия таъсис дода мешавад.
Илова бар ин вай афзуд, ки соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ музокироти дувум бо ҷониби Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд.
"Дар ин гуфтугӯҳо ҳама масъалаҳо баррасӣ мешаванд. Президент Содир Ҷабборов шабона вазъро таҳти назорат дошт, то ҳол бо мо дар тамос аст", - афзуд ӯ.
Қобили зикр аст, ки ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар пайи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду нафар кушта ва 10 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ҷараёни тирпарронӣ як сокини маҳаллӣ ва як ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ кушта шуданд.
Дар миёни захмиён 6 низомӣ ва 4 ғайринизомӣ низ ҳаст.
Сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло Обидҷон Тӯйчиеви 36-сола бар асари таркиши хумпораи низомиёни Қирғизистон ва ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ Абдулатиф Шарифови 62-сола кушта шуданд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.
Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Мошин ба деҳаи Сомониёни Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронӣ табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд - Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.
Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз хумпораандоз, аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.
Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардаанд.
Дабири кулли СПАД Станислав Зас дар бораи муноқиша изҳори назар кард.
Вай бо намояндагони ҳар ду ҷониб суҳбати телефонӣ анҷом дода хостааст, ҳарчи зудтар тирпарронӣ қатъ карда, низоъро тавассути музокирот ҳал кунанд.