Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон аз афзоиши теъдоди осебдидагон дар марз гуфт

Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ҳамаи осебдидаҳои даргирии ахири марзӣ ба беморхонаи вилоятии Бодканд интиқол дода шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Мақомоти тандурустии Қирғизистон теъдоди осебдидаҳо дар даргирии ахири марзӣ бо Тоҷикистонро 12 нафар гуфтанд. Қаблан аз ҷароҳати 11 нафар хабар дода шуд.
Ба ҳолати нисфирӯзи 28-уми январ 12 осебдида дар беморхона бистарӣ гардидаанд, хабар дод Sputnik Қирғизистон аз қавли мақомоти тандурустии ин кишвар.
"Ҳамаи маҷруҳон дар беморхонаи вилоятии Бодканд бо муолиҷа фаро гирифта шудаанд. Вазъи саломатияшон миёна арзёбӣ мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Қаблан мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ҳамаи осебдидаҳо дар даргирии марзӣ низомиён мебошанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, мегӯяд, дар пайи муноқиша дар марз ду сокини мулкӣ кушта ва 10 нафар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 мулкӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, бар асари таркиши гулӯлаи минамёт ду сокини мулкӣ, яке дар хонааш ва дигаре ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ дар худраваш ҷон бохтаанд.
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, муноқиша баъди он сар зад, ки 27 январ як гурӯҳи шаҳрвандон аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Тошиев натиҷаҳои музокирот бо Тоҷикистонро эълон кард
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст. Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз силоҳи миномётӣ аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷонибҳо эълон доштанд, ки таҳқиқи қазия идома дорад.