Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Муросо кунед: Муроҷиати Бахши зиддитеррористии СҲШ ба Тоҷикистону Қирғизистон

Бахши зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай ба даргирии миёни Тоҷикистону Қирғизистон вокуниш нишон додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии СҲШ аз ташаннуҷи вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, истифодаи силоҳ ва таҳдид ба саломатию ҷони шаҳрвандон қобили қабул нест.

"Ҷонибҳоро ба ҳамкории дуҷонибаи бомасъулиятона ва ҳалли тамоми мушкилоти марзӣ аз тариқи муросокорӣ ва роҳҳои дипломатӣ даъват мекунем", - омадааст дар муроҷиатнома.

Қаблан СААД ҷонибҳоро ба муросо ва қатъи даргирӣ дар марз даъват карда буд.
Айни ҳол дар пайи музокироти мақомоти тоҷику қирғиз дар марз оташбас эълон шуда, барои таҳқиқи қазия тавофуқ шудааст.
Душанбею Бишкек якдигарро дар шиддат гирифтани вазъ ва оғози даргирии рӯзи 27-уми январ дар марз муттаҳам мекунанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар муноқиша дар марз ду сокини мулкӣ кушта ва 10 нафар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 мулкӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, бар асари таркиши хумпора ду сокини мулкӣ, яке дар хонааш ва дигаре ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ дар худраваш ҷон бохтаанд.
Ҷониби Қирғизистон аз маҷруҳ шудани 11 низомӣ хабар додааст.
Музокирот дар марз: Раҳмонализода аз пешгирии низоъ гуфту Тошиев аз одоби ҳамсоядорӣ
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронӣ табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд - Исфанаро сабаби муноқиша донистааст. Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз хумпораандоз, аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.