Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Музокираи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари баҳсҳои марзӣ идома меёбад

Мақомот аз идомаи музокироти гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъмини сулҳу субот дар минтақа хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Як манбаи огоҳ аз ҷараёни музокирот ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки музокирот 29 январи соли равон дар ҷамоати наздимарзии Чоркӯҳ идома хоҳад ёфт ва ҷонибҳо сари баҳсҳои марзӣ пушти мизи музокира менишинанд.
Манбаъ ҳамчунин хабар дод, ки музокироти ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо иштироки фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва раиси КДАМ Қирғизистон ба хотири ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ҳар ду кишвар баргузор шуд, анҷом ёфт.
Аммо манбаъ аз ба имзо нарасидани ҳеҷ санаде пас аз анҷоми ин қисмати музокирот хабар дода ва гуфт, рӯзи дигар музокирот идома хоҳад ёфт.
"Дар музокироти ахир тарафҳо барои таъсис додани комиссия барои муайян кардани хисорот аз ин воқеот ба мувофиқа расиданд", - гуфт вай.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 28 январ дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон сари мизи музокирот нишаста буданд. Аз шоми панҷшанбе то кунун ин дувумин гуфтушуниди ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.
Коршинос ширкати эҳтимолии СПАД дар ҳалли низои Тоҷикистону Қирғизистонро арзёбӣ кард
Баъзе аз тавофуқоте, ки дар музокироти шабона ҳосил шуда буд, аз ҷумла ба қароргоҳи доимияшон бурдани нерӯҳои ду тараф ва такшили комиссияи муштарак аз ҳисоби сохторҳои низомӣ ва додситонӣ дигарбора рӯйи он таъкид шудааст. Ҳамчунин тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар марз танҳо марзбонон ва кормандони пулис боқӣ мемонанд.
Ҳамчунин ваъда шудааст, ки баргашти беҷошудагон ба хонаҳояшон таъмин ва ҳамаи роҳҳои масдудшуда ва хатҳои барқ дубора барқарор мешаванд.
Ёдовар мешавем, шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон даргирии навбатӣ сар зад, ки дар натиҷа ду сокини Исфара кушта ва ҳудуди 20 тани дигар захмӣ шуданд.
Ҷониби Қирғизистон танҳо аз захмӣ шудани 11 нафар шаҳрванди худ хабар медиҳад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вакили Русия: СААД наметавонад ба мухолифати Тоҷикистону Қирғизистон дахолат кунад
Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро барои оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Дафтари матбуотии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, тахминан соати 17:20-и рӯзи 27-уми январ, як гурӯҳи шаҳрвандони номаълуми Қирғизистон аз сокинони деҳаи Оқсои вилояти Бодканд дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло, автомашинаи тамғаи “Портер”-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки машғули регкашӣ буд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз маҳаллаи Хоҷаи Аъло ба маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара дар ҳаракат буд, маҷбуран боздоштанд.
Нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани мулоқот мувофиқа шуда буд, ки онҳо наомадаанд ва он тараф ба тирпаронӣ оғоз кардааст.