Духтари Назарбоев аз Шӯрои сиёсии ҳизби ҳоким хориҷ шуд

Ҳизби ҳокими Қазоқистон - "Нур-Отан" аъзои нави Шӯрои сиёсияшро интихоб намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дариға Назарбоева, духтари калонии Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури аввали Қазоқистон аз феҳрасти аъзои Шӯрои сиёсии ҳизби ҳокими кишвар хориҷ шудааст.
Ба иттилои Sputnik Қазоқистон, мақомашонро дар Шӯрои сиёсии "Нур-Отан" инчунин сарвазирони пешини ин кишвар Аскар Мамин ва Бауиржон Бойбек низ аз даст додаанд.
Таъкид шудааст, ки дар ин ниҳоди намояндагии "Нур-Отан" 55 дарсади аъзо нав шудаанд. Намояндагони шаҳрвандон афзоиш ёфта, мақомдорони давлатӣ ба андозаи сеяк коҳиш ёфтаанд.
Поёни қарни Назарбоев: чӣ гуна парлумон элбасиро аз сиёсат хориҷ кард - видео
Намояндагони бахши маориф 10 дарсад, ҳиссаи расонаҳо ва созмони ғайриҳукуматӣ ду баробар афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи намояндагони ҷинси латиф то 33,7 фоиз боло рафтааст. Теъдоди ҷавонони то 35-сола 6 баробар зиёд гардида, ба 13 дарсад расидааст. Синни миёнаи аъзои Шӯрои сиёсӣ 4 сол поин рафта, ба ҳисоби миёна ба 47 сол баробар шудааст.
Инчунин дар ҷаласаи ҳизби ҳоким президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба ҷои президенти қаблӣ, Нурсултон Назарбоев раиси ҳизби "Нур-Отан" интихоб гардид.
Қаблан Назарбоев аз мақомҳои раиси Ассамблеяи мардумии Қазоқистон ва Шӯрои амнияти кишвар канор рафт. Назарбоев салоҳиятҳои раиси Шӯрои амниятро рӯзи 5-уми январи соли 2022, дар замони нооромиҳои оммавӣ дар Қазоқистон ба Тоқаев вогузор намуда буд.