Панҷ сол муҳлат: ширкати аудитории “КРОУ ХОРВАТ - ЭЙСИҶИ” иҷозати Бонки миллиро гирифт

Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати “КРОУ ХОРВАТ-ЭЙСИҶИ” барои фаъолияти панҷсолаи аудиторӣ дар қаламрави Тоҷикистон иҷозат дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Қарори мазкур аз Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 26 январи соли равон ба имзо расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон.
“Дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба ҶДММ “КРОУ ХОРВАТ-ЭЙСИҶИ” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд”, - хабар додааст БМТ.
Дар ҳамин ҳол раёсати Бонки миллӣ Департаменти назорати бонкиро уҳдадор кардааст, ки дар феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдор ворид намояд.
Иҷозатномаи махсуси Бонки миллӣ ба “Меҳмонсаройи Тоҷикистон”
Бояд гуфт, дар ҳоли ҳозир дар бозори Тоҷикистон нуҳ ширкати аудиторӣ фаъолият дорад.
Дар бозори Тоҷикистон ширкатҳои "Консултант аудит", "ЭКОВИС", "Бейкер Тилли Тоҷикистон", "Эрнст энд Янг Форд Родс Сидат Хайдер" (Ernst & Young Ford Rhodes Sidat Hyder), РСМ "Тоҷикистон", "КРЕСТОН" АС, КПМГ "Аудит", "Моор Стивенс" ва "Аудит Консалтинг" фаъолият мекунанд.
Акнун бо қарори раёсати БМТ шумори ширкатҳои аудиторӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба 10 адад расид.