Масҷид ё дискоклуб: рақси толибон дар ибодатгоҳи Панҷшер - видео

Рақсе, ки толибон анҷом доданд, рақси "Аттан" ном дорад ва онро мардуми пашту иҷро мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Толибон дар яке аз масҷидҳои Панҷшер, ягона минтақаи Афғонистон, ки то ҳол ҳукумати муваққати онҳоро қабул накардааст, рақс намуданд.
Рақси як гурӯҳи толибон дар масҷиди Панҷшерро "Telegram-канал"-и Sputnik Афғонистон нашр кардааст.
Дар зери ин навор навишта шудааст, ки "Толибон дар масҷид чӣ кор мекунанд?".
Манбаъ афзуда, ки ин кор дар Панҷшер сурат гирифтааст, аммо дақиқан маълум нест.
Як гурӯҳ дар ин навор гирд шуда, давродавр мерақсанд. Манбаъ афзуд, ки рақси толибон ба рақси суфиёна монанд аст, вале толибон ҳеҷ рабте ба суфиҳо надоранд.
Аммо ин рақси суфиёна набуда, балки рақси сирф мардуми пашту бо номи "Аттан" мебошад.
Толибон: Исмоилхон бо рафтан аз Афғонистон муртакиби иштибоҳи бузурге шуд
Толибон тобистони соли гузашта бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд. Амалиёти онҳо пас аз хориҷ шудани нерӯҳои амрикоӣ қавӣ шуд ва пас аз он ки назорати амнияти ин кишварро ба даст гирифтанд, Ашраф Ғанӣ тарки Кобул кард.
Бо вуҷуди чанд моҳи сари қудрат будани толибон ҳеҷ давлат то ҳол ҳукумати онҳоро ба расмият нашнохтааст.
Ашраф Ғанӣ президенти фирорӣ чанде қабл гирифтори сактаи мағзӣ шуд ва феълан таҳти назорати табибон қарор дорад.