ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон аз вазъи печидаи Афғонистон гуфт.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар аввалини нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Ҳиндустон диққати ҳозиринро ба вазъи мушкили Афғонистон ҷалб кардааст.
"Таваҷҷуҳи иштирокдорони нишаст ба вазъи печидаи Афғонистон ва ҷонибдорӣ аз даъвати Созмони Милали Муттаҳид ба зарурати расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон ҷалб карда шуд", - омадааст дар хабар.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар соҳаи амният бо ба инобати шароити мураккаби байналмилалӣ муқовимат ба терроризм ва ҳамаи шаклҳои тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа дониста шудааст.
Бояд гуфт, кишвардори Қазоқистон Тоқаев Қосим-Ҷомарт низ дар ин нишаст аз аҳамияти кумак ба Афғонистон гуфта буд.
"Бо вуҷуди ақидаҳои сиёсӣ ва эътиқоди шахсии худ, мо набояд Афғонистон ва мардуми онро бо мушкилоти бесобиқа ва таҳдиди буҳрони башарӣ танҳо гузорем", - гуфта буд раисҷумҳури Қазоқистон.
Тоқаев изҳори бовар кард, ки Афғонистони амну субот барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди устувори кишварҳои Осиё роҳҳои нав мекушояд.