Тибқи раъйдиҳии вакилон, Назарбоев аз ҳаққи раҳбарии Ассамблеяи мардумии Қазоқистон ва Шӯрои амният маҳрум ва ин салоҳият ба раҳбари кунунии давлат вогузор карда мешавад.
Қарор аст, 28 январ раёсати Ҳизби “нур Отан” аз Нурсултон Назарбоев ба Қосим-Ҷомарт Тоқаев интиқол дода шавад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури нахустини Қазоқистон, рекорди тӯлонитарини дар қудрат будан дар фазои пасошӯравиро дорад. Ӯ аз 22 июни соли 1989 (то 24 апрели соли 1990 - котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Қазоқистон) то 19 марти соли 2019, яъне 29 солу 8 моҳу 26 рӯз дар Қазоқистон раҳбарӣ кардааст.
Вай дар давоми ин солҳо дар мамлакат ҳокимияти мутлақро ба даст оварда, ба муассисаҳои асосии он роҳбарӣ мекард.
Қонун "Дар бораи президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон" ба Назарбоев ҳаққи якумрии раҳбарӣ бар Ассамблеяи мардумии Қазоқистон ва Шӯрои Амният дода буд. Мутобиқи ин қонун, Назарбоев низ дар раёсати ҳизби ҳокими "нур Отан" боқӣ монд ва ҳақ дошт, ки масоили сиёсати хориҷӣ ва дохилии Қазоқистонро ҳал кунад.
Аммо дар ҷараёни гирдиҳамое, ки ба ошӯбҳо дар саросари кишвар табдил шуд, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев эълон кард, ки акнун раиси ягонаи Шӯрои амнияти ин ҷумҳурӣ аст.