Лавров: Русия барои боз кардани маркази муҳоҷирон дар Тоҷикистон талош мекунад

Раҳбари Вазорати хориҷаи Русия фарқи аслӣ миёни муҳоҷирони ИДМ ва шаҳрвандони кишварҳои дигарро, ки барои кор ба Русия меоянд, гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Русия исрор дорад, ки дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон марказҳои омӯзиши муҳоҷирони корӣ ифтитоҳ шавад. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар ҷаласаи Думаи давлатӣ таъкид кард.
Ба гуфти ӯ, маҳз шаҳрвандони ин давлатҳо бештар барои кор ба Русия меоянд.
Дар марказҳои махсус хоҳишмандони кор дар Русия забони русӣ ва қонунгузории кишварро пешакӣ меомӯзанд.
Лавров таъкид кард, баъзе ҳодисаҳое, ки муҳоҷирон мувоҷеҳ мешаванд, боиси вокуниши эҳсосӣ дар ҷомеа мешавад.
Ҳамзамон зодагони ин кишварҳоро дар Русия бо он нафароне, ки ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ё Қатар ба кор мераванд, муқоиса кардан мумкин нест, гуфт сарвари ниҳоди дипломатии Русия.
Медведев: Бозори сиёҳи хидматрасонӣ дар бахши муҳоҷират амнияти Русияро таҳдид мекунад
Вай ёдовар шуд, шахсоне, ки аз ИДМ меоянд, қаблан бо русҳо шаҳрвандони як давлат буданд.
Қаблан Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар бораи зарурати омода кардани муҳоҷирон барои кор дар Русия ҳарф зада буд.
Ба гуфти ӯ, донистани забони русӣ барои мутобиқ шадуни шаҳрвандони кишварҳои дигар дар Русия мусоидат мекунад.