Дар Тоҷикистон гуфтанд, ки чӣ гуна ҳалқаи энергетикӣ Осиёи Миёнаро наҷот дод

Се кишвари минтақа ба қатъи сартосарии энергетикӣ дучор шуданд: чӣ минтақаро аз ин "буҳрон" наҷот дод?
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Қазоқистон, Қиргизистон ва Ӯзбекистон ба шарофати ҳифзи системаи ягонаи энергетики муваффақ шуданд, ки аз оқибатҳои вазнини бебарқӣ наҷот ёбанд.
Дар ин бора Нозирҷон Ёдгорӣ, раиси маркази матбуотии ширкати холдингии "Барқи тоҷик" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.

"Ин ҳодиса нишон дод, ки системаи муҳофизатии ҳалқаи энергетикӣ хеле қавӣ аст ва аз ин рӯ дар вазъияти шадид, ба кор даромад ва барқ хомӯш шуд", - гуфт ӯ.

Агар механизми бехатарӣ ба кор андохта намешуд, дар пойгоҳҳои энержии ин кишварҳо фалокатҳои ҷиддӣ ба амал меомад.
Ёдгорӣ таъкид кард, ки чунин ҳолатҳо пешгӯинашавандаанд ва дар ҳама кишварҳо сар заданашон мумкин аст.
Қатъи сартосарии барқ дар Осиёи Марказӣ аз куҷо оғоз шуд?
Агар дар вақташ системаи муҳофизатӣ кор намекард, шояд дар нерӯгоҳҳо садама ба вуҷуд меомад, мегӯяд мавсуф.

Қатъи сартосарии барқ дар Осиёи Марказӣ

Дар Ӯзбекистон рӯзи 25-ум январ, тахминан соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ нерӯи барқ қатъ шуд. Нокомӣ дар система якбора якчанд шаҳрҳоро фаро гирифт. Аз ҷумла Тошкент, Гулистон, Қаршӣ, Самарқанд, Бухоро, Қӯқанд, Чирчик бе барқ монданд.
Барқ ​​на танҳо дар Ӯзбекистон қатъ шуд, балки дар Алмаато, Бишкек ва як қатор вилоятҳои Қирғизистон низ чунин вазъ ҳукмфармо шуд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати энержии Ӯзбекистон як садамаи бузург дар шабакаҳои энержии Қазоқистони ҳамсояро сабаби қатъи он унвон кард.