Энергетикҳои Қирғизистон гуфтанд, кай интиқоли барқ барқарор мешавад

Энергетикҳои Қирғизистон гуфтанд дар давоми як соат интиқоли барқ дар ин кишвар барқарор хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар низоми энержии Осиёи Марказӣ аз ҳисоби кори автоматӣ интиқоли барқ қатъ шуд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти ҶСК "Шабакаи миллии барқи Қирғизистон" хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки феълан барои баргаштан ба кори муқаррарӣ фаъолият бурда мешавад.

"Интизор меравад, ки дар Қирғизистон давоми як соат барқ ​​барқарор шавад", - гуфтанд дар хадамоти матбуотӣ.

Ин ниҳоди дахлдор афзуда, ки сабабҳои ин вазъ маълум карда мешавад.
Осиёи Марказӣ дар торикӣ: даҳҳо шаҳр бе барқ монд
Ёдрас мешавем, ки нисфирӯзии 25 январ, аксари манотиқи Бишкек ва вилоятҳои кишвар бе барқ ​​монданд.
Дар кишварҳои ҳамсоя низ мушкили нерӯи барқ ​​вуҷуд дорад.
Ҳаракати метро қатъ шуд, шаҳрҳо бе барқ: дар Ӯзбекистон чӣ мегузарад