ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон нақшаи нишастҳои матбуотии ҷамъбастии солро тасдиқ намудааст, ки 18 рӯз давом мекунанд.
Бар асоси нақшаи тасдиқкардаи раиси Дастгоҳи иҷроия, вазирону роҳбарони идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон аз 31-уми январи соли равон ба рӯзноманигорон дар бораи бурду бохти соҳаашон дар соли гузашта гузориш медиҳанд.
Зимни нишастҳои матбуотӣ, ки то 17-уми феврал давом мекунанд, рӯзноманигорон метавонанд аз роҳбарони сатҳи болоии вазорату идораҳо бевосита ба суолҳояшон посух гиранд.
Нақшаи нишастҳо ба идораҳои давлатӣ, Иттифоқи рӯзноманигорон, ВАО ва дигар ниҳодҳои масъул фиристода шудааст.
Таъкид шудааст, ки масъулини вазорату идораҳо, муассисаю ташкилоте, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо хабаргузории "Ховар" мувофиқа намоянд. Эълонҳои муфассал дар бораи замону макони баргузории нишастҳои мушаххасро хабаргузории миллӣ ҳамарӯза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод менамояд.
Нишастҳои матбуотӣ, мутобиқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 15 сентябри соли 2011, соле ду бор, дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа ва яксола баргузор мешаванд. Қаблан роҳбарон ҳар семоҳа нишастҳои матбуотӣ баргузор мекарданду аз бурду бохти бахши таҳти масъулияташон гузориш медоданд.