ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Теъдоди нозироне, ки риояи низоми ниқобпӯшӣ, дар нақлиёти ҷамъиятии Маскавро назорат мекунанд, аз рӯзи сешанбе 50% афзоиш ёфта, таваҷҷуҳи хоса ба тафтиши вагонҳои метро ва платформа зоҳир карда мешавад.
Дар ин бора, рӯзи сешанбе Владислав Султонов, раиси "Ташкилоти ҳамлу нақл" ба хабарнигорон гуфт.
"Дар пасманзари афзоиши бемории коронавирус ва паҳншавии штамми нави омикрон, созмондиҳандаи ҳамлу нақл дар нақлиёти ҷамъиятии Маскав санҷишҳоро барои риояи чораҳои зидди ковидӣ пурзӯр мекунад. Шумораи нозироне, ки пӯшидани ниқобро назорат мекунанд, 50% зиёд карда шуданд", - гуфт Султонов.
Султонов шарҳ дод, ки инспекторони дигар бахшҳо ба рейдҳои иловагй фиристода мешаванд. Санҷиши риояи чораҳои зидди COVID дар қатораҳо ва платформаҳои метрои Маскав низ дар реҷаи пурқувват гузаронида мешавад.
Ба гуфти ӯ, сабаб ин аст, ки баъзе мусофирон аз хати назоратӣ дар турникет гузашта, ниқобҳои худро мекашанд ё поин мекунанд. Ин паҳншавии сироятро пешгирӣ намекунад.
Султонов қайд кард, ки қариб 700 нафар нозирон риояи талаботи табибони санитариро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр, аз ҷумла метро, автобусҳо, трамвайҳо, ҳалқаи марказии Маскав ва истгоҳҳои марказии Маскав назорат хоҳанд кард.
"Мо аз шаҳрвандон даъват мекунем, ки ба саломатии ҳамдигар эҳтиром гузоранд ва дар нақлиёт ба чораҳои пешгирикунанда риоя кунанд - ниқобро дуруст пӯшед, даҳон ва бинии худро пурра пӯшонед. Ин қоидаҳои оддӣ барои нигоҳ доштани вирус ва пешгирии афзоиши сироят кумак мекунад", - гуфт Султонов.
Дар рӯзҳои таътили соли нав кормандони ҳамлу нақл, беш аз 6 хазор ҳодисаҳои вайрон кардани талаботи духтурони санитариро ошкор намуданд.