ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Анвар Қосимов, раиси Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистон субҳи рӯзи 25-уми январ дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.
Дар тасдиқи ин хабар яке аз наздикони хонаводаи марҳум иброз намуд, ки Қосимов чанд вақт ба ин тарф бо маризӣ дасту панҷа нарм мекард ва субҳи барвақт ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
"Ҷанозаи Анвар Қосимов асри 25-уми январ дар қабристони “Гунбази қошуқ”, дар Хуҷанд ба хок супурда мешавад”, - гуфт манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Қосимов Анвар Усмонович аз шахсиятҳои намоёни ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи куштии камарбанди Тоҷикистон, узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии куштии камарбандӣ гуфта буд.
Ӯ 30 январи соли 1959 дар ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ (собиқ Колхозобод) таваллуд шудааст. Мавсуф пас аз хатми Донишгоҳи аграрӣ, то соли 1999 дар соҳаи обёрии заминҳо фаъолият намудааст.
Вай ҳудуди 11 сол сардори идораи бақайдгирии молу амволи ғайриманқул (НБТИ) дар шаҳри Хуҷанд кор буд. Марҳум аз соли 2011 раисии Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Зимнан Анвар Қосимов аз чеҳраҳои намоёни шаҳри Хуҷанд буда, 16 августи соли 2013 бо ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.