Барқарории тартибот дар гумрук ва мубориза бо соҳибкорони "беинсоф" дар Қазоқистон

Қаблан раисҷумҳури Қазоқистон аз кор дар ниҳодҳои гумрукӣ интиқод карда, дастур дода буд, ки бо ин "бетартибиҳо" мубориза баранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Қозоқистон кор дар соҳаи гумрукро ба тартиб медарорад ва бо соҳибкорони "беинсоф" мубориза мебарад.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон аз қавли президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев менависад.
"Мо барои барқарор кардани тартибот дар гумрук кори қатъӣ, аз ҷумла мубориза бо соҳибкорони беинсоф, ки нақшаҳои ғайриқонунӣ роҳандозӣ карда, ҳама гуна монеаҳоро барои тиҷорат мегузоранд, оғоз кардем. Боварӣ дорам, ки натиҷаи мубориза бо чунин амалҳои ғайриқонунӣ дур нест", - гуфт Тоқаев зимни суханронӣ дар ҳамоиши онлайнии "Осиёи Марказӣ - Чин".
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев 11 январ дар маҷлис суханронӣ карда, дастур дод, ки ба "бетартибиҳо"-и гумрукӣ, бахусус бо Чин хотима дода шавад.
Бордюжа гуфт, агар Тоқаев каме дер мекард, бо Қазоқистон чӣ рух медод
Тоқаев гуфт, мошинҳо дар гумрук тафтиш карда намешаванд, "андозу боҷ пардохт намешавад".
Нишасти онлайни сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ ин қора бо Пекин баргузор шуд.
Дар ин ҳамоиш Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон, Си Ҷинпин, раиси Ҷумҳурии Чин, раисони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ширкат карданд.
Ёдовар мешавем, тазоҳуроти оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили январи соли 2022 оғоз шуда буд. Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ гуфта мешуд.
Тоқаев сабаби аслии нооромиҳоро гуфт: Даромади элита зиёду аз аҳолӣ кам
Ҳукумат омодагии худро барои кам кардани хароҷот эълон кард, аммо эътирозҳо дар шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва соати комендантӣ ҷорӣ, чорабиниҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа манъ шуд.
Бо дархости президенти кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев сулҳофарони СААД ба қаламрави ин кишвар оварда шуданд.
Тибқи маълумоти ахир, хисороти ошӯб дар Қазоқистон беш аз ду миллиард долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол 4578 нафар маҷрӯҳ, 225 нафар, аз ҷумла 19 маъмури амниятӣ кушта шуданд.