Ду бархӯрди маргбори мошинҳо дар Хатлон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду ҳолати бархӯрди маргбори мошинҳо дар роҳҳои вилояти Хатлон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Дар пайи бархӯрди мошинҳои "Дэу-сиело" ва "Опел-вектра" дар вилояти Хатлон кӯдаки шашсола ба ҳалокат расид.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи маргбор шаби 23 ба 24-уми январ дар ҳудуди ноҳияи Фархор рух додаст.
Манбаъ мегӯяд, ронандаи "Дэу-сиело", сокини 22-солаи Фархор ҳангоми ҳаракат дар ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-вектра", таҳти идораи ронандаи 48-сола бархӯрдааст. Таъкид шудааст, ки аз мусофирони бистаришудаи "Опел", писарчаи 6-сола, сокини ноҳияи Фархор дар беморхона ҷон додааст.
Ҳалокати кӯдак дар пайи ноуҳдабароии ронанда дар Хатлон
Мақомот афзуданд, ҳодисаи дигари маргбор дар ноҳияи Вахш ба қайд гирифта шуд. Зикр гардидаст, ки 24-уми январ ронандаи "Опел-вектра", сокини сокини 35-солаи ноҳияи Вахш аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба мошини "Форланд" таҳти идораи сокини 35-олаи ин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷаи ин садама, марди 61-сола, мусофири мошини "Опел" дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаст. Мақомот мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳо риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ гуфтаанд.