Сохтмони се корхонаи азим дар Бӯстон

Сохтмони се корхонаи нав — ҶДММ “Нуртез”, корхонаи истеҳсол ва фароварии филизи ҶДММ “Ганҷофар” ва корхонаи заргарии “Зари Суғд” ҷараён дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд, дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд айни замон сохтмон ва муҷаҳҳазсозии се корхонаи нав — ҶДММ “Нуртез”, корхонаи истеҳсол ва коркарди фулузоти ҶДММ “Ганҷофар” ва корхонаи заргарии “Зари Суғд” ҷараён дорад.
Бинобар иттилои манбаъ, ин тадбири муҳим саривақтӣ буда, ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.
“Корхонаи “Нуртез” бо назардошти талаботи бозор ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда сохта шуда, дар он 60 намуди мехи гуногун барои сохтмон истеҳсол карда мешаванд”, - қайд кардааст манбаъ.
Эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистон
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки корхонаи мазкур метавонад дар як моҳ 40 тонна мехи гуногунҳаҷм истеҳсол намояд.
Дар корхонаи “Ганҷофар” истеҳсоли профилҳо барои сохтмон ва қубурҳои калонҳаҷм ба роҳ монда шуда, баъди ба истифода додани он 25 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд.