ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия аз ошкор шудани фурӯши ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ барои муҳоҷирон хабар дод.
Ба иттилои Ирина Волк, намояндаи расмии ВУД Русия, муттаҳамон дар ташкили ин тиҷорати ғайриқонунӣ аз ҳисоби фурӯши ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ ба ҳисоби пешакӣ беш аз 60 миллион рубл ба даст оварданд.
Аз яке аз ташкилкунандагони ин тиҷорати ғайриқонунӣ ба унвони як шаҳрванди кишвари хориҷи наздик ёд шудааст.
Таъкид шудааст, ки онҳо ба муҳоҷирон патент, санади қайди муваққатӣ ва дигар аснодро пешниҳод мекардаанд. Инчунин муттаҳамон ба таҳияи шаҳодатномаҳои забони русӣ, омодасозии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия низ машғул будаанд.
"Ҳар яке аз мизоҷон барои асноди тақаллубӣ аз 2,5 миллион рубл ва бештар аз он пардохт мекарданд. Бар асоси ҳисоби пешакӣ, даромади ҷиноӣ аз 60 миллион рубл бештар будааст", - афзуд Волк.
Таъкид шудааст, ки аз гумонбарон шиноснома, акс, санадҳои муҳоҷиратӣ, таппончаи сабтнашуда, маблағ ва васоити алоқа мусодира гардидааст.
Манбаъ афзуд, ки феълан муттаҳамон дар ҳабси хонагӣ қарор дошта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти шарикони ин тиҷорат ва мизоҷонро муайян мекунанд.