ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Бозии тимҳои мунтахаби бонувони футзалбози Эрону Қирғизистон бо ҳисоби 10:0 анҷом ёфт.
Ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии даври сеюм CAFA-2022 дар шаҳри Душанбе бонувони қирғиз натавонистанд ба 10 голи духтарони эронӣ посух диҳанд.
Женская сборная Киргизии по футзалу
© Федерация Футбола Таджикистана
Дар даври сеюм инчунин 24 январ дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар маҷмаи варзишии Душанбе вориди майдон мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки дар бозии охири даври дуюми CAFA-2022 дар Душанбе бонувони эронӣ ба дарвозаи тими Тоҷикистон 12 голи беҷавоб ворид намуданд. Дастаи Ӯзбекистон қаблан тими Қирғизистонро бо ҳисоби 11:0 шикаст дода буд.
То ҳол дар ҷадвали мусобиқоти CAFA-2022 тими бонувони Эрон пешсаф мебошанд. Дастаи Ӯзбекистон дар зинаи дуюм ва сипас Қирғизистону Тоҷикистон қарор доранд.
ФФТ тавзеҳ дод, ки нахустин Қаҳрамонии футзали CAFA миёни тимҳои бонувон аз рӯи низоми даврӣ дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар ин шева ҳар тим шаш бозӣ анҷом медиҳад.
Дар маҷмуъ дар ин қаҳрамонӣ 12 бозӣ баргузор мешавад, ки дар ҷамъбасти он аз рӯи холҳо тими ғолиб муайян мешавад.